Хадамоти бехатарии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар назди хоҷагидор фаъолияти худро дар асоси Оинномаи муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода», Низомномаи хадамот ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, масъули амалисозии вазифаҳои зерин мебошад:
- коркард ва татбиқи системаи чорабиниҳо оид ба таъмини амният ва бехатарии фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти қисматҳои сохтории донишгоҳ:
- ташкили кори реҷавӣ ва назорат дар факултетҳои донишкада оид ба ҳифзи ҷараёнҳои иттилоотӣ, системаҳои компютерӣ ва воситаҳои алоқа:
- ташкили муҳофизати зарурӣ, реҷаи иҷозатномавӣ ва дохилииншоотӣ дар биноҳои таълимӣ ва маъмурии донишгоҳ:
- таъмини бехатарии роҳбарият, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ:
Ташкили истифодабарии фаврӣ ва корбурди воситаҳои техникии муҳофизат ва дигар воситаҳои махсуси техник:
- ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии давлатӣ ба манфиати таъмини амният ва бехатарии донишгоҳ:
- пешгӯӣ ва коркарди чорабиниҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои таъмини амният ва бехатарии донишгоҳ:
-риояи қатъии Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва дастурамали вазифавӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ:
- ташкили омӯзиш ва баландбардории сатҳи тахассусии кормандони хадамот, расонидани ёрӣ ба роҳбарони факултетҳо оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо алоқаманданд.
Хадамоти бехатарии донишгоҳ аз 2-юми июли соли 2015 таъсис ёфтааст.