ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Шурои илмӣ-методӣ

Шурои илмӣ-методӣ фаъолияти худро баҳри татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оинномаи Донишгоҳ, қарори Шӯрои олимон ва фармоишҳои ректори Донишгоҳ, ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, дарёфти роҳу усулҳои пешқадами таълим, инчунин, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим ба роҳ мондааст.

Вазифа ва салоҳияти Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ аз инҳо иборатанд: муайян кардани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории таълимию методии донишгоҳ, ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимию методии омӯзгорон ва кормандони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои Донишгоҳ дар самти таҳия ва такмили лоиҳаҳои нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимию методӣ, таҳия намудани китобҳои дарсӣ, таҳияи стандартҳои баҳодиҳии дониши донишҷӯён; таҳия ва тавсияҳои боэътимоди методӣ оид ба ташкил ва такмили корҳои таълимӣ ва методӣ бо назардошти самтҳои ҷории Донишгоҳ, таҳия ва пешниҳоди роҳнамо оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, пешниҳод оид ба лоиҳаи талаботи муҳтавои Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои дорои мақоми байналмилалӣ, лоиҳаҳои нақшаҳои корӣ, таҳияи фанҳои таълимии академӣ, барномаҳо (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳо) баррасии саволномаҳои рейтингӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ҳисобкунии блоки давлатӣ ва тақсимоти сарбории таълимии омӯзгорон, низомнома ва дастурҳои Донишгоҳ, иштирок дар таҳияи тавсияҳо оид ба такмили таснифоти ҷумҳуриявии ихтисосҳо, тартиби ихтисосҳо ва тахассусҳое, ки аз рӯи онҳо мутахассисони дорои маълумоти олӣ тайёр карда мешаванд, пешниҳоди таҳияҳои илмию методӣ оид ба истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим бо мақсади мутобиқгардонии курси таҳсилоти олӣ ба муҳити ҷаҳонии таълимӣ (системаи кредитии таҳсилот, таҳсилоти фосилавӣ, истифодаи технологияи компютерӣ ва интернет дар раванди таълим) таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаҳои сатҳи таҳсилоти донишҷӯён, таҳияи роҳнамо оид ба мониторинг ва назорати сифати таълим ва аттестатсияи хатмкунандагон, таҳлили натиҷаҳои корҳои илмию методии омӯзгорон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорон ва кормандони факултетҳо, кафедраҳо, омӯзгорони алоҳидаи мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар ташкили раванди кори таълиму тарбия ва амалӣ намудани он тавассути чорабиниҳои илмию методии Донишгоҳ (конференсияҳо, семинархо, тартиб додани маҷмуаи илмию методӣ, хисоботи методй, фаъолияти эчодии муаллимон), ҷамъбаст ва назорати таҷрибаомӯзиии таълимӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ, илмию таҳқиқотӣ, пешаздипломии донишҷӯён ва магистрантон, тартиб додани тавсияҳо оид ба баланд бардоштани дараҷаи тайёрии назариявӣ ва амалии мутахассисони мактабҳои олӣ ва гайра.

Шуро аз муовини ректор оид ба таълим (раис), муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, раисони Шурои илмӣ-методии факултетҳо, ҳайати профессорону омӯзгорни таҷрибадор ва котиб иборат мебошад.