Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолияти худро дар сохтори раёсат илм ва инноватсияи Донишгоҳ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.
Ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Донишгоҳ шароити моддӣ-техникӣ ва иқтидори бузурги илмӣ мавҷуд аст. Айни замон дар Донишгоҳ 13 нафар доктори илм ва 90 нафар номзади илм фаъолият намуда истоаанд, ки ҳамаи онҳо мутахассисони варзидаи соҳаи худ буда, барои омода кардани кадрҳои илмӣ саҳмгузор мебошанд.
Дар пояи шуъба зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) фаъолият менамояд.
Номгӯйи ихтисосҳо дар зинаи магистратура
№ |
Рамз |
Номи ихтисос |
1. |
1- 020301 |
Забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор) |
2. |
1- 020302 |
Забон ва адабиёти рус (омӯзгор) |
3. |
1-210502-08 |
Забони англисӣ (омӯзгор) |
4. |
1-230103 |
Забони олмонӣ (омӯзгор) |
5. |
21060102 |
Забони хитоӣ (тарҷумон) |
6. |
121060102 |
Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони англисӣ) |
7. |
121050208 |
Забони хориҷӣ (забони куриёӣ) |
8. |
121050208 |
Забони хориҷӣ (забони ҷопонӣ) |
9. |
121050208 |
Забони хориҷӣ (забони хитоӣ) |
10. |
1230101 |
Муносибатҳои байналмилалӣ |
11. |
1020307 |
Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ |
Номгӯйи ихтисосҳо дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)
№ |
Рамз |
Номи ихтисос |
1. |
6D021300 |
Забоншиносӣ |
2. |
6D011800 |
Забон ва адабиёти рус |
3. |
6D011700 |
Забон ва адабиёти тоҷик |
4. |
6D020500 |
Филология |
5. |
6D011900 |
Назария ва методикаи таълими ду забони хориҷӣ |
6. |
6D020700 |
Кори тарҷумонӣ |
7. |
6D020200 |
Муносибатҳои байналмилалӣ |
8. |
6D021000 |
Филологияи хориҷӣ |
Талабот оид ба қабул дар зинаи магистратуа ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD):
- аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура (докторантура) ва барномаи таҳсил (тахассусӣ);
- дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
- тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ ба магистратура (докторантура);
- дигар ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забони хориҷӣ, таҷрибаи кор дар компютер, ифтихорномаҳо, нусхаи мақолаҳо ва ғайра.
Қабули ҳуҷҷатҳо дар моҳи июл сурат мегирад. Ҳуҷҷатҳоро довталабон ба Комиссияи қабул аз рӯйи равия ва ихтисос месупоранд.