ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

 

Шўъбаи робитаҳои байналмилали

 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 

1. Муқаррароти умумӣ

1.1.Шуъбаи равобити байналмилалӣ ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода (минбаъд шуъба) ҷузъи сохтори донишкада маҳсуб мешавад ва ба он муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ роҳбарӣ менамояд.

1.2.Шўъба фаъолияти худро дар асоси Оинномаи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад. Шўъба дар фаъолияти худ аз қонунҳо, асноди меъёри ҳуҷҷатҳои дастури Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалии аз ҷониби ҳамагон эътироф шуда пайравӣ менамояд. Инчунин амру фармонҳои ректори донишкадаро иҷро менамояд.

1.3. Шуъба ва зерсохторҳои он низоми ягонаи шуъбаи мазкурро ташкил медиҳад.

1.4.Шуъба масъулияти таъмини равобити ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода бо муассисаҳои таҳсилоти кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ бар дўш дорад. Аз рўи тартиби муқарраргардида умури ҷамоварии маълумот доир ба масъалаҳои тахсилот дар хориҷаро ба роҳ мемонад.

1.5. Сардори шўъба барои ташкили кори шўъба шахсан масъул мебошад.

2. Вазифаҳои шўъба

2.1.          Татбиқи консепсияи бунёди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода дар бахши равобити байналмилалӣ;

2.2 Фаъолияти доимӣ дар самти такмил додани равобити байналмилалӣ ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода;

2.3. Ҳамоҳангсозии равобити байналмилали дар ҳамаи самтҳои фаъолияти он;

2.4.Барқарор намудани робитахо бо дигар муассисаҳои дохилию хоричӣ доир ба масъалахои тахсилоти академикӣ ва хамкориҳои байналмилалӣ;

2.5.Ҳамкорӣ дар бахши чамъоварии муназзами иттиолоти хориҷи дар соҳаи таҳсилоти то донишгоҳи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъди донишгоҳи.

2.6.Муайян намудани самтҳои афзалиятнок, ба накшагирии фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои шуъба.

2.7.Роҳандозии ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот доир ба фаъолияти байналмилалии ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода ва тартиб додани ҳисобот доир ба он;

2.8.Ҳамкории ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя;

2.9.Ҷалб намудани олимону педагогҳо ва кормандони варзидаи касбӣ аз кишварҳои хориҷи барои кор дар донишкада;

2.10.Ҳамкорӣ дар ташкилу гузарондани таҳқиқотҳои якҷояи илмии бунёд, ҷустуҷўӣ ва амали, инчунин корҳои таҷрибавии асоснок бо шарикони хориҷӣ;

2.11.Дастгири кормандони илмии донишкада дар мавриди ба бозори ҷаҳонӣ ворид гардидани онҳо;

2.12.Мусоидат намудан дар таҳия ва татбиқи шаклҳою методҳо ва воситаҳои самарабахши тайёр намудани мутахассисони дорои дараҷаҳои гуногуни тахасус тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ;

2.13.Мусоидат ба рушди фонди китобхонаи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода.

2.14.Ширкат варзидан дар чорабиниҳои фарҳангии ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода;

2.15.Мусоидат намудан ба ҳалли масъалаҳои молиявӣ тавасути ҷалб намудани маблағхои сарпарастони хориҷӣ;

2.16.Шуъба вазифаҳои ба он вогузоршударо дар алоқаманди бо дигар зерсохторҳои ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода анҷом медиҳад.

3. Уҳдадориҳои шуъба

3.1.Мустақилона ва ё дар якчоягӣ бо зерсохторҳои манфиатдори донишкада доир ба масъалаҳои такмил додани равобити байналмилали донишкада пешниҳодҳоро таҳия намуда манзури шурои олимони ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода мегардонад;

3.2.Таҷрибаи пешкадами хориҷиро дар соҳаи таксимоти касбӣ то донишгоҳи, донишгоҳи ва баъдидонишгоҳиро омухта ҷамъбаст менамояд ва барои ба таври васеъ паҳн намудани он чораҳо меандешад;

3.3.Корҳои илмӣ - таҳқиқотиро, ки устодону донишҷўёни ДДЗТ ба номи Сотим Улғзода дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ анҷом медиханд, ҳамоҳанг месозад;

3.4.Назорати иҷрои қарорҳои шурои олии, амру фармонҳои ректорҳо доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти шуъбаро ба роҳ мемонад.

3.5.Самтҳои мушаххаси равобити байналмилалӣ ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзодаро муайян намуда, принсипҳои асосии онҳоро ташаккул медиҳад ва дар мавриди зарурат фикри дигар зерсохторҳои донишкадаро ба инобат мегирад;

3.6.Корҳои марбут ба таблиғу маълумоти дар бораи фаъолияти ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода барои дарёфти шарикони хориҷиро анҷом медихад;

3.7.Ҳайати устодону профессорони, донишҷуён ва сохторҳои донишкадаро дар ташкилу гузарондани чорабиниҳо дар донишкада дастгири мекунад;

3.8.Тибқи муқаррарот аризаю шикоятҳоро доир ба масъалаҳое, ки ҳалли онҳо мувофиқи ҳамон низомнома ба салоҳияти шуъба алоқаманд аст, барраси намуда, аз рўи онҳо қарори заруриро қабул менамояд ва ба муроҷиаткунандаҳо ҷавоб мегардонад;

3.9.Ба табодули академикии кормандону донишҷўёни донишкада ба муассисоти кишварҳои хориҷ мусоидат менамояд;

3.10.Лоиҳаи шартномаҳо байни ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода ва шарикони хориҷиро тахия намуда, баъд аз инҷо расидан татбиқи онҳороҳ роҳандози менамояд;

3.11.Иштироки намояндагони ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзодаро дар чорабиниҳое, ки аз тарафи шарикони хориҷи ташкил карда мешавад, тибқи тартиби муқарраргардида таъмин менамояд;

3.12. Баромади кормандони ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзодаро дар матбуоти хориҷи ва радиою телевизиони хориҷӣ, инчунин дар дигар шабакахои электронии иттиолооти ташкил менамояд.

3.13.Мураттаб сохтани ҳуҷатҳои зарури барои ба хориҷи кишвар сафар кардани кормандон ва донишҷўёни ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзодаро таъмин менамояд;

3.14.Ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои корҳое, ки аз созишномахо, шартномахо ва ҳуҷҷатҳои дигари ҳамкории ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода бо шарикони хориҷиро ба рох мемонад;

3.15.Тибқи тартиби муқарраргардида ба ашхоси манфиатдор ва зерсохторҳои ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода маълумот доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти шуъбаро пешниҳод менамояд;

3.16. Муҳосиботро ба роҳ монда, сафарҳои хориҷии кормандон ва донишчуёни донишкадаро таҳлил менамояд;

3.17.Корҳои қабули донишҷўёни хориҷи мутобиқи шартномаҳо анҷом медиҳад;

3.18.Тибқи тартиби муқарраргардида ба ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода доир ба ҳамкориҳои байналмилалиро пешниҳод менамояд;

4. Ҳуқуқҳои  шўъба

4.1.Дар доираи салоҳияти худ аз ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода дар ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилали намояндагӣ, менамояд, бо онҳо доир ба масъалаҳои равобити хориҷи мукотиботи расмиро ба роҳ мемонад;

4.2.Аз рўи тартиби муқарраргардида маҷлису семинарҳо, конференсияхо, намоишхо ва амсоли онҳоро барпо менамояд;

4.3.Дар мувофиқи бо ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода олимон ва мутахасисонро барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилали, муайян намудани роҳҳои нисбатан самарабахши истифодаи маводе, ки дар натиҷаи равобити байналмилалӣ ба дастомадаанд, ҷалб менамояд;

4.4.Кори зерсохторҳои ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзодаро доир ба иҷрои шартномаю карордодҳо бо шарикони хориҷи басташударо тафтиш менамояд;

4.5.Аз рўи тартиби муқарраргардида бо ҳисобот, ҳуҷҷатҳо ва навиштаҷоти дигари зерсохторҳои ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода шинос мешавад;

4.6.Иштирок намудан ва мусоидат намудан ба иштироки ашхоси дигар дар барномаҳои байналмилалӣ такмил додани таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъди донишгоҳи;

4.7.Бо ваколатномае, ки аз ҷониби роҳбарияти ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода дода шудааст, метавонад аз ваколатҳои шахсӣ ҳуқуқӣ истифода барад;

5. Вазифаҳои мудири шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ:

5.1.Тартиб додани нақшаи кори шўъба;

5.2.Банақшагирӣ ва назорати робитаҳои байналмилалии ҳамаи зерсохторҳои донишкада;

5.3. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти байналмилалии донишкада ва зерсохторҳои он, таҳияи ҳисоботи марбута ба онҳо;

5.4.Таҳияи мактубҳо, маълумотҳо, ахбороти гуногун оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкада ва зерсохторҳои он тибқи дастури ректор, таҳия ва пешниҳод намудани номгўи ихтисосҳо, шартҳои қабул ва таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шўрои Олимони донишкада;

5.5.Тайёр намудани пешниҳодҳо доир ба робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илмӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин такмили ихтисоси мутахассисон;

5.6.Гузаронидани дигар чорабиниҳо марбут ба фаъолияти робитаҳои хориҷии донишкада ва зерсохторҳои он;

6.Вазифаҳои Мутахассиси шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ:

6.1.Таҳияи ҳуҷҷатҳои шўъба;

6.2. Таҳияи ҳуҷҷатҳои устодон ва донишҷўёни хориҷӣ;

6.3.Таҳияи ва пешниҳоди табели хармоҳаи ҳайати кормандони шўъба ба муҳосиботи донишкада;

6.4. Иҷрои дигар вазифаҳои марбут ба таъмини техники фаолияти байналмилалии донишкада ва зерсохторҳои он.