МИРАКЗОДА ФАРИДУН ЮСУФӢ, номзади илмҳои таърих, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз сохторҳои асосии Донишгоҳ буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, фаъолияти илмии магистратура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), аспирантура ва докторантураро ба роҳ мемонад.
Мақсади асосии фаъолияти раёсат дар донишгоҳ ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ, илмӣ-техникӣ, инноватсионӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ бо раванди таълим дар робита бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ мебошанд.
Самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳҳқиқотӣ дар Донишгоҳ чунин муайян карда шудааст:
- Масълаҳои мубрами забоншиносӣ, таҳқиқи муқоисавии забонҳо;
- Масъалаҳои муҳимми адабиёти тоҷик ва адабиётшиносӣ;
- Тарҷумашиносӣ ва нақши тарҷума дар замони муосир;
- Таҳқиқи афкори педогогии ниёгон ва масъалаҳои мубрами педагогикаи ватанӣ;
- Методика ва технологияи инноватсионии таълими забон ва адабиёт;
- Нақши фалсафа ва илмҳои ҷомеашиносӣ дар таъмини рушди устувор ва босуботи ҷомеаи муосир;
- Таҳқиқи масъалаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ;
- Таҳқиқи масъалаҳои мубрами пешгирии таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, хурофот, ифротгароии динӣ ва терроризм;
- Масъалаҳои мубрами таҳқиқӣ ва таълими таърихи халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- Тамоюлҳои асосии рушди маориф ва фарҳанги миллӣ дар замони муосир;
- Нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди илму таҳсилот.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳ аз рӯйи нақшае, ки онро Шурои олимони Донишгоҳ тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад.
E-mail: ilm@ddzt.tj
НАҚШАИ ДОИР НАМУДАНИ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ, МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ, МИЗҲОИ МУДАВВАР, СЕМИНАРҲОИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ВА ИЛМӢ-МЕТОДИИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА БАРОИ СОЛИ 2023
НАҚШАИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ МАВОДИ ИЛМӢ, ИЛМӢ-МЕТОДӢ ВА КИТОБҲОИ ДАРСИИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА БАРОИ СОЛИ 2023