ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Магистратура

ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

Магистратура зинаи мустақили Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, мақсади таъсиси он таъмини соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Магистратура сатҳи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба стандарти байналхалқии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.

Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзона ду сол муқаррар гардидааст.

Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ, метавонанд дар равия ва ихтисоси мувофиқ ба дипломашон дар магистратураи донишгоҳ таҳсил намоянд.

Ба магистратураи донишгоҳ донишҷӯёне, ки бо қарори Комиссияи давлатии аттестатсионӣ тавсия шудаанд ва аз рӯйи равияи интихобнамудаашон дипломи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабони мазкур аз рӯйи ихтисоси интихобнамудаашон реферат таълиф  намуда, ба тариқи  суҳбат аз озмун мегузаранд.

Дар Донишгоҳ барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯйи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратураи донишкада имтиҳони ҳатмӣ месупоранд.

Агар дохилшавӣ ба магистратураи донишкада дар соли хатмкунии довталаб ба вуқуъ пайвандад, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ аз рӯйи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз «хуб» паст набошад). Дар мавриди «қаноатбахш» будани баҳои ҷамъбастии байнифаннӣ довталаб интиҳоми дохилшавӣ месупорад. 

Агар дохилшавӣ ба магистратураи донишкада пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи “аълочӣ” довталабон имтиҳон месупоранд.

Ба магистратураи донишгоҳ то 20%-и хатмкунандагони муассиса ва хатмкунандагони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Дар ҳолати аз 20% зиёд будани довталабон, дар магистратураи Донишгоҳ дохилшавӣ дар шакли озмун ба тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

Айни замон дар зинаи магистратураи донишкада таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

1. Забон ва адабиёти рус (омӯзгор) 1- 020302;

2. Забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор) 1- 020301;

3. Забони англисӣ (омӯзгор) 1-210502-08;

4. Забони олмонӣ (омӯзгор) 1-230103;

5. Забони хитоӣ (тарҷумон) 21060102.

Шахсоне, ки ба магистратураи донишкада дохил мешаванд, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

-аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва барномаи магистрӣ (тахассусӣ);

-дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;

-тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ ба магистратура;

-дигар ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забони хориҷӣ, таҷрибаи кор дар компютер, ифтихорномаҳо, нусхаи мақолаҳо ва ғайра. 

Қабули ҳуҷҷатҳо дар моҳи июл сурат мегирад. Ҳуҷҷатҳоро довталабон ба Комиссияи қабул аз рӯйи равия ва ихтисос месупоранд.