ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Лингвопарк (технопарк)

 

Лингвапарк (Парки технологи)-и Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода моҳи ноябри соли 2011 таъсис ёфта, фаъолияти худро тибқи қонунгузории ҷорӣ ба роҳ мондааст.

Дар асоси Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ фаъолияти худро ҷиҳати омӯзиши забонҳо (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, ҷопонӣ, куриёӣ ва форсӣ), курси кӯтоҳмуддат (омӯзиши кор бо компютер, дӯзандагӣ, қаннодӣ), такмили ихтисоси муҳаққиқон бо истифода аз технологияи иттилоотӣ  ва таҷрибаомӯзии таълимӣ-илмӣ пеш бурда метавонад.   

  Ҳамасола курсҳои омӯзиши забонҳоро беш аз 200 нафар шунаванда хатм менамоянд, ки дар охир онҳо бо сертификат таъмин карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар хобгоҳи донишҷӯён курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ бо теъдоди 12 адад дастгоҳи дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки барои донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ, ятимони кулл ва нимятим ба таври ройгон хизматрасонӣ менамояд.