КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ, РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА ЧИНӢ
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8-уми декабри соли 2023 конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзуи «Филологияи Шарқ: пажуҳиши забоншиносӣ, равобити адабӣ ва тарҷумашиносӣ» бо ширкати мутахассисони соҳа, забоншиносону адабиётшиносони ватанӣ ва хориҷӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Ректори муассиса, профессор Жило Гулназарзода дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми забоншиносӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху адабиёти тоҷик сухан гуфта, аз ҷумла, изҳор дошт, ки забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ дар масири муколамаи тамаддунҳои гуногун ҷойгоҳи хосаро ишғол намуда, дар раванди муносибатҳои байни халқу миллатҳо ва кишварҳои олам беш аз пеш нақши барҷаста пайдо мекунад. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари эҳтиром ва арҷгузорӣ ба адабиёт, санъат ва фарҳанги миллӣ, ба масъалаи дар сатҳи баланд мавриди таҳқиқ қарор додани масоили забонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода зимни баромади худ дар бораи нақши Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар рушди илми тоҷик, забоншиносиву тарҷумонӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан гуфт.
Дар идома маърузаи Ларионова Ирина, профессори Донишгоҳи Шарқии Қазоқистон ба номи Сарсена Аманжолова, дар мавзуи «Лингвострановедческие реалии как элементы содержания в развитии фоновых знаний на уроках корейского языка» (ба таври онлайн) ва маърузаи Муштоқ Аҳмад, профессори Донишгоҳи Аграи Ҳиндустон дар мавзуи «The relationship between language and culture is like body and soul» пешниҳоди ҳозирин гардид.
Баъдан маърузаи Гафарова Ранетта, дотсенти Донишгоҳи Агри ба номи Иброҳим Чечен (Туркия) дар мавзуи «Специфика перевода художественного текста с турецкого языка на русский (на материале перевода произведений Джингиза Дагджи» (онлайн), маърузаи Таваров Муҳаммадулло, н.и.ф., мудири шуъбаи фарҳанги нашрияи «Ҷумҳурият» дар мавзуи «Образи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар драматургияи тоҷик» ва маърузаи Ҷанг Я, муаллими калони Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи «Методы использование словарей в изучении китайского языка» шунида шуд.
Дар қисми музокира доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Очилова Меҳринисо ва мудири кафедраи тарҷумонии забонҳои Шарқи Донишгоҳ Ғолиб Турсунов баромад карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар конференсия масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар замони муосир, мукаммал намудани фарҳангҳои дузабона, таълифи луғатномаҳои илмӣ - истилоҳӣ, вазъи имрӯзаи тарҷумаю тарҷумашиносӣ дар замони муосир, роҳу усулҳои ҳифзи асолати забон, масоили марбути типологияи забонӣ, робитаи мутақобилаи забону адабиёт ва амсоли инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия кори худро дар бахшҳо пас аз нисфирӯзӣ бо ширкати олимону муҳаққиқон идома дод.