ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Бахши таҳия ва кор бо грантҳои хориҷӣ

 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

         1. Бахши таҳия ва кор бо грантҳои хориҷӣ яке аз зерсохтори қисми робитаҳои хориҷии Донишкада буда, фаъолияти онро масъули бахш ба уҳда дорад, ки он бо пешниҳоди муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз ҷониби ректор ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

      2. Масъули бахш ба муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҳисоботдиҳанда буда, фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода», Низомномаи мазкур, фармоишҳо ва супоришҳои ректори Донишкада амалӣ менамояд.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАХШ

3. Мақсади ташкил ва фаъолияти бахши таҳия ва кор бо грантҳои хориҷӣ барои кўмаки лоиҳаҳои марбут ба соҳаи маориф баҳри ба даст овардани натиҷаҳои воқеии самтҳои  рушди соҳа ҷудо карда мешаванд.

4. Вазифаҳои асосии бахши таҳия ва кор бо грантҳои хориҷӣ иборатанд аз:

          - таҳияи лоиҳаи грантӣ барои дарёфти маблағҳои иловагӣ аз институтҳои молиявии хориҷӣ;

       - пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ ба ширкатҳо ва ташкилотҳои моливии ғайридавлатии ватанӣ;

             - ҳамкорӣ ва пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ ба ТЕМПУС ва дигар институтҳои молиявӣ, ки барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маблағ ҷудо менамоянд;

             - ҷалби беҳтарин устодон ва донишҷўён дар таҳияи лоиҳаҳо;

             - аз рўйи мавзўъ ва самтҳое, ки Барномаҳои давлатӣ амалӣ мешаванд, таҳияи лоиҳаҳои грантӣ;

             - дарёфти маблағҳои иловагии грантӣ барои рушди Донишкада;

        -   вусъат бахшидани таблиғоти лоиҳаҳои грантӣ дар миёни устодону донишҷўён;

            - ҷалби донишҷўён ба таҳияи грантҳо, ки Донишкада онҳоро маблағгузорӣ менамояд;

             - таъсиси гурӯҳҳои алоҳидаи лоиҳанависон аз ҳисоби устодон ва донишҷўён;

          - ташкили курсҳо, тренингҳо барои устодон ва донишҷўёне, ки майл ба таҳияи лоиҳаҳои грантӣ доранд;  

          - муайян кардани донишҷўёни лаёқатманд ва навовар аз байни донишҷўён ва мутахассисони ҷавони факултетҳои  Донишкада;

          - тарғиб ва ташвиқи лоиҳаҳои инноватсионии донишҷўён ва мутахассисон дар Донишкада ва дигар муассисаҳои таҳсилотӣ тавассути баргузории мизи мудаввар, семинарҳои илмӣ;

          - пешниҳоди лоиҳаҳои донишҷўён ва мутахассисони ҷавон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ишғоли ҷой ва пайдо намудани маблағғузор.

3. УҲДАДОРИҲОИ МАСЪУЛИ БАХШ

           5. Уҳдадориҳои масъули бахш иборат аст аз:

          - тартиб додан ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо аз рўйи лоиҳаҳои пешниҳодшуда;

          - баргузории мониторинг ва таҳлили раванди татбиқи лоиҳаҳо;

        - назорати молиявӣ, моддӣ ва ташкили раванди татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба муҳлати муайяншуда;

          - тартиб додани ҳисоботҳои хотимавӣ ва тавсифӣ барои донорҳо ва ҳамкорон.

  VI. ҲУҚУҚҲОИ МАСЪУЛИ БАХШ

           6. Масъули бахш ҳуқуқ дорад:

           - муҳокима намудани масъалаҳои ҷалби маблағҳои иловагӣ ва инвеститсияҳо бо шарикони хориҷӣ, фондҳо,  сафоратхонаҳо, баргузор намудани ҳамкорӣ ва бастани қарордодҳо бо онҳо;

         - баргузор намудани семинарҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва озмунҳо бо мутахассисон ҷиҳати ғанӣ кардани таҷриба ва маҳорати лоиҳанависӣ;

        - барои таҷрибаивазкунии донишҷўён ва мутахассисони ҷавон вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар;

         - ба Раёсати Донишкада пешниҳод кардани маълумот оид ба натиҷаи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ ва фондҳо ҷиҳати дастгирии устодону  донишҷўён ва мутахассисони ҷавони навовар баҳри татбиқи лоиҳаҳои хориҷӣ;

          - барои ҳалли масъалаҳое, ки барои ба танзим даровардани лоиҳаҳои пешниҳодшуда, барқарорсозии робитаҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ ва дигар муссисаҳои таълимии хориҷи кишвар, ки Донишкада бо онҳо шартномаи дуҷониба бастааст,  масъули бахш метавонад маълумоти заруриро аз ҳамаи зерсохторҳои Донишкада талаб ва дастрас намоянд.

 V. БАҲОГУЗОРӢ БА КОРИ БАХШ ВА ҶАВОБГАРӢ

           7.Баҳогузорӣ ба кори бахши таҳия ва кор бо грантҳои хориҷӣ дар асоси вазъи пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ҳайати кормандону омўзгорон, донишҷўён ва мутахассисони ҷавон дар истеҳсолот, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тахассусии донишҷўён, самарабахш масраф кардани маблағҳои ҷудошуда гузошта мешавад.

           8.Масъули бахш барои сифатнокии кор ва иҷрои саривақтии вазифаҳо ҷавобгар мебошад.

           Таҳияи лоиҳаҳои грантӣ

 Донишкада бо Фонди Ҷопон шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки дар ин давра аз ҷониби донишкада бо масъулини бахши таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ва омӯзгорони шуъбаи ҷопонӣ дархост оид ба таъмини дастури таълимиву методӣ дар фонди мазкур дар ҳаҷми 80,000 (Ҳаштод ҳазор) ҳазор сомонӣ лоиҳа барои соли хониши 2019- 2020 пешниҳод гардид, ки ҳоло дар баррасӣ қарор дорад.

 Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи грантӣ “Дастгирии донишҷӯдухтарон дар хобгоҳ” таҳия гардид, ки маблағи умумии он дар ҳаҷми 40 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шудааст, ки аз миқдори маблағи мазкур тибқи муқаррарот аз 3 то 5 % аз ҳисоби донишкада маблағгузорӣ мегардад. Ҳадаф аз ин, лоиҳа баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи донишҷӯдухтарон дар хобгоҳи донишкада ба шумор меравад ва муҳлати амалии ин лоиҳа як солро дар бар гирифта  (25.09.2019 то 25.09.2020) пешбинӣ шудааст.

Ҳамунин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи грантии дигаре дар самти “Автоматикунонии раванди таълим дар донишкада” таҳия гардидааст, ки дар ҳаҷми 350 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шудааст ва тибқӣ муқаррарот аз он 141 ҳазору 600 сомонӣ аз ҳисоби донишкада саҳмгузорӣ мегардад. Ин лоиҳа ба муҳлати  2 сол, яъне аз соли 2019 то 2021 пешбинӣ шудааст.