АЗ ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ соли 2023 дар заминаи кафедраи методикаи таълим, ки ҳанӯз соли 2011 таъсис ёфта буд, шушода шудааст. Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (собиқ кафедраи методикаи таълим) солҳои пешин дар назди факултети филологияи руси Донишгоҳ фаъолият намуда, бо васеъ гардидани имкониятҳои муассисаи таълимӣ он ба назди факултети забони англисӣ гузашт. Аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти асосии кафедра барои тайёр намудани мутахассисони ояндаи омӯзгорӣ аз забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ равона гардида буд, алҳол устодон ба ихтисосҳои забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ аз фанҳои умумикасбиашон дарс мегуянд.
Фаъолияти кафедра дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳайати кафедра 5 омӯзгорӣ асосӣ ва 20 нафар ҳамкорони дохили донишгоҳ фаъолият мекунанд. Кормандони асосии кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ инҳоянд:
Гадоев Каримҷон Хайруллоевич, н.и.п., дотсент – мудири кафедра;
Қарабоева Лутфия Ҷамоловна – муаллими калон;
Ахмедова Муътабар – ассистент;
Бибисоро Акагул – ассистент;
Маҷидова Марҷона – лаборанти кафедра.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА
Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони касбии омӯзгорӣ аз забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва чинӣ ба роҳ мондааст. Мақсади кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар самти таълим ба таври назариявӣ фаҳмонидани ҷамбаҳои гуногуни илми методика, дар амал татбиқ намудани донишҳои андӯхтаи донишҷӯён, рушду ташаккул додани маҳорату малакаи касбӣ-методӣ ва нутқи озоди муоширатии онҳо ба шумор меравад.
Барои амалӣ сохтани мақсади гузошташуда, дар назди кафедра вазифагузорӣ карда мешавад, то ки мақсади он амалӣ гардид. Вазифаҳои кафедра аз:
- таҳия намудани барномаи таълимӣ ва силлабусҳои ҳар як фанни таълимии кафедра;
- вобаста ба ихтисосҳои омӯзгорӣ дастурҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, маводҳои таълимии ёрирасон мураттаб сохта, дар рафти дарсҳо истифода намоянд;
- дар баробари дарсҳои аудиторӣ ба донишҷӯён супоришу корҳои мустақилонаро дар шаклҳои гуногун (навиштани маърӯзаю реферат, ҷамъоварии маълумоти иловагӣ вобаста ба мавзӯи дарс, хондани адабиёти иловагии илмию таълимӣ ва ғ.) пешниҳод намоянд;
- ташкили таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ;
- маҷмӯи саволномаҳои санҷиширо аз фанҳои таълимии кафедра таҳияшуда барои худсанҷии донишҷӯён пешниҳод намоянд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра
Кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ба самти корҳои илмӣ низ таваҷҷауҳи хоса зоҳир менамояд. Фаъолияти илмии кафедра дар баробараи дигар кафедраҳои Донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ барои иҷро намудани корҳои зерин равона гардидааст:
§ Гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, илмӣ-методӣ дар самти мушкилоти таълими забонҳои хориҷӣ;
§ Таҳқиқ ва пешниҳоди тақриз ба барномаҳои фанҳои таълимии зинаҳои гуногуни таҳсилот дар самти таълими забонҳои хориҷӣ;
§ Пешниҳоди тақриз ба рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ, лоиҳаҳои илмӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳо дар самти таълими забонҳои хориҷӣ.
Муҳақиқони ҷавони зинаи докторантура (аз рӯи ихтисос PhD), аспирантура ва унвонҷӯён бо кафедраи методикаи таълим ҳамкории зич дошта, дар таҳияи рисолаҳои илмӣ аз устодони кафедра маслиҳатҳои илмию методӣ мегиранд.
Маълумот барои тамос:
Суроға: 734019, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Муҳаммадев 17/6.