Кафедраи забони англисӣ барои ихтисосҳои ҳамгиро соли 2023 дар заминаи кафедраи филологияи англис дар назди факултети забони англисӣ таъсис ёфт. Кафедра ҳайати омӯзгоронро аз ҳисоби мутахассисони болаёқату ҷавон пурра намуда, ба таълими амиқу ҳамаҷонибаи забони англисӣ диққати ҷиддӣ дода истодааст.
Дар кафедра 14 нафар омӯзгорон ба таълиму тадриси донишҷӯён машғул ҳастанд. Аз инҳо 1 нафар номзади илми филология, 1 муаллими калон, 7 нафар ассистентон ва 5нафар ҳамкор ба фаъолият оғоз намуданд. Мудирии кафедраро номзади илми филологӣ Иматшоева М.Б. ба ӯҳда дорад. Омӯзгорони кафедра асосан ба тадриси забони англисӣ дар ихтисосҳои ҳамгиро ба монанди арабӣ - англисӣ, форсӣ - англисӣ, хитойӣ - англисӣ, олмонӣ - англисӣ, тоҷикӣ - англисӣ, ҳиндӣ - англисӣ ва ғайраҳо машғул ҳастанд.
Омӯзгорони кафедра мувофиқи нақшаи дурнамои илмӣ корҳои илмӣ-методӣ ва илмӣ - тадқиқоти аз рӯи самти «Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, таҳқиқи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» бурда истодаанд. Аз рӯи ин равия нақшаи дурнамои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ тартиб дода шуда, аксарият омӯзгорони ҷавони кафедра ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ мебаранд. Муаллими калони кафедра Каримов Хушруз рисолаи илмиро таҳти унвони “Инъикоси консепти об –water дарсистемаи лексика ва таъғироти забонҳои англисӣ ва тоҷиикӣ аз нигоҳи забоншиносии фарҳангӣ ва тарҷума” барои гузаштан аз пешдифоъ ба кафедра пешниҳод кард.
Дар кафедра нақшаи маҳфили илмӣ ва ҷамъияти илмии донишҷӯён тартиб дода шуд ва тибқи нақша ҳар моҳ маҳфилҳо ва чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
Азбаски кафедра навбунёд аст, омӯзгорони кафедра тасмим гирифтанд, ки барои ихтисосҳои арабӣ - англисӣ, форсӣ - англисӣ, хитойӣ - англисӣ, олмонӣ - англисӣ, тоҷикӣ - англисӣ, ҳиндӣ – англисӣ ва ғайраҳо дастуру васоити таълим, китоби дарсӣ ва воситаҳои айёни доир ба курси амалияи нутқи шифоҳи ва хаттӣ, грамматикаи амалӣ ва назариявии забони англисӣ, фонетикаи амалӣ ва назариявӣ, луғатшиносӣ, таҳлили лингвистии матн, тафсири матбуоти англисзабон ва ғайра таълиф намоянд.
Кафедраи забони англисӣ барои ихтисосҳои ҳамгиро фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландпояи омӯзгор (ихтисосҳои ҳамгиро) ба роҳ мондааст. Тадриси назариявии самтҳои гуногуни сохтори забони англисӣ ва татбиқи амалии он дар машғулиятҳои аудиторӣ, маҳфилҳо, чорабиниҳои таълимию илмии донишҷуёнро ҳамчун забоншинос ва омӯзгор тайёр мекунанд.