ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Назария ва таърихи адабиёти рус

Таълими адабиёт ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи адабиётшиносӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода (дар замони таъсисёбӣ дар моҳи августи соли 1980 – Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус, баъдтар – Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) аз замони таъсиси он ба роҳ монда шудааст.

Дар кафедра курсҳои таърихи адабиёти рус аз пайдоиши он то ибтидои асри XXI, риторика, услубшиносӣ, таҳлили адабии матни бадеӣ, адабиётшиносӣ, сарчашмашиносӣ, таърихи адабиёти хориҷӣ, назарияи адабиёт, матншиносӣ, адабиёти бачагонаи рус, адабиёти бачагонаи англис, хониши ифоданок, мукаддимаи адабиётшиносӣ, адабиёти Англия.

Фаъолияти илмии кормандони кафедра дар якчанд самт: осори бадеӣ ва консепсияҳои эстетикӣ, сохтори бадеии осори адибони тоҷику рус, омӯзиши муқоисавии таърихии адабиёти Ғарбу Шарқ: умумияти типологӣ ва асолати зуҳуроти миллӣ.

Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Пушкинский дом», инчунин, ҷамъияти илмии донишҷӯёни «Адибони ҷавон» таҳти роҳбарии н.и.ф., дотсенти кафедра Раҷабова Қ.Х. фаъолият мекунанд.

Ҳоло мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳамидова Тутихон Маъруфовна мебошад.