Кафедраи филологияи Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ бо қарори Шурои олимон соли 2019 расман ба фаъолият оғоз намудааст.
Барои таъсисёбии кафедра, ки қаблан “Кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ” унвон дошт, ташкили шуъбаи тарҷумонии забони чинӣ дар соли 2000-ум, ихтисосҳои забони куриёӣ (тарҷумон) ва забони ҷопонӣ (тарҷумон) дар соли 2004-ум замина гардиданд. Соли 2009-ум он расман кафедраи забонҳои Шарқи Дур номгузорӣ шуда, дар кафедраи мазкур тадриси забонҳои чинӣ, куриёӣ ва ҷопонӣ илова гардид. Аз соли 2011-ум он ба унвони кафедраи забонҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ фаъолият намуд.
Аввалин мудири кафедра дотсент Шоев Раҳматулло буда, сипас, Худобахшова Мария, Турсунов Ғолиб, дотсент Махсудов Ҳасанбой дар ин кафедра ба унвони мудир ифои вазифа намуданд. Аз моҳи ноябри соли 2022 дотсент Турсунов Ғолиб Абдусобирович роҳбарии ин кафедраро бар уҳда дорад.
Дар ин кафедра ду марказ: Маркази омӯзиши Ҳиндустон ва Маркази омӯзиши фарҳангу забони куриёӣ таҳти унвони “Шоҳ Сеҷонг” фаъолият менамоянд, ки дар рушду нумуи кафедраи мазкур нақши назаррас доранд.
Ҳамасола аз кафедра ва марказҳо озмунҳои байналмилалӣ, ба монанди “Иншои беҳтарин бо забони куриёӣ”, “Наттоқон”, озмуни забони ҳиндӣ ва имтиҳонҳои гуногун баргузор мегарданд, ки ғолибони он ба муҳлати муайян (аз як то чор сол) барои такмили ихтисос ва идомаи таҳсилу омӯзиши забонҳои куриёӣ ва ҳиндӣ ба Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон фиристода мешаванд.
Мақсади асосии кафедраи филологияи Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос ва дар бозори меҳнат рақобатпазири соҳаи забоншиносӣ ва тарҷума мебошад.