ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ то соли 2018 дар заминаи кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ фаъолият менамуд. 

Бо қарои Шурои олимони Донишгоҳ кафедра аз кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ ҷудо шуда, ҳамчун, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ таъсис ёфт.

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ яке аз кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ба ҳисоб рафта, дар тобеи раёсати таълим мебошад.

Вазифаи асосии кафедра таълим ва тарбияи донишҷӯёни факултетҳо ва тайёр намудани онҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз Донишгоҳ мебошад. Дар кафедра ду фанни асосӣ: тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар тамоми ихтисосҳои Донишгоҳ тадрис дода мешавад. 

Айни ҳол дар кафедра  9 нафар омӯзгорон: Камилова Ф.Қ. - устоди варзиш аз намуди баскетбол, Изатзода С.Р - полковники мусафӣ, Нарзуллоев Ҳ.С - устоди варзиш аз намуди футбол, довар-инспектори узви ФФТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саймуродов Х.М - лейтенанти хурд, Шоймардонов Ҳ.Н - номзад ба устоди варзиш, довари дараҷаи байналмиллалӣ аз намуди футбол, Нурматов Ш.Қ. - устоди варзиш аз намуди волейбол, Олимов Ғ.Ғ - устоди варзиш аз намуди варзиши сабук, Кабиров Д.М., Мирзоева М.И. -  номзад ба устоди варзиш, довар аз намуди футбол фаъолият намуда истодаанд.

Феълан мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Камилова Фазилат Қаҳрамоновна мебошад.