ТОҶ  /  РУС  /  ENG

КАФЕДРАИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Кафедраи забоншиносии умумӣ 3 марти соли 2021 дар заминаи кафедраи забони русӣ таъсис ёфта, аввалин мудири он номзади илмҳоии филологӣ, дотсент Ҳасанова Шаҳло Раҳмоновна интихоб гардидааст. Аз соли аввали таъсиси кафедра устодони забардаст ва олимони варзидаю нуктасанҷро ба мисли Нағзибекова Меҳриниссо Бозоровна, Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна, ва дотсентон Джамирова Леммара Иосифовна, Вайисова Зулайхо Темуровна, Маҷидова Нафиса Халиковна, муаллимони калон Мирзоева гулҷаҳон Халиловна, Ҳоҷатов Бахтиёр Давлатҷонович, Мирзоаминова Маҳбуба Абдураҳимовна, Бурҳонова Меҳрубон Зафаровна ва Баротов Анвар Тураевич ва дигарон ҷиҳати тадрис ҷалб карда шудаанд.

Кафедра ба тадриси фанҳои бунёдии филологӣ, аз қабили таърихи забони русӣ, шевашиносӣ, типологияи муқоисавӣ, луғатнигорӣ, каломи зинда, шарҳи матн, забони муосири рус, услубшиносӣ, лексикология, психолингвистика, забоншиносии умумӣ, муқаддимаи забоншиносӣ ва ғайра машғул аст. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани тадриси фанҳои мазкур аз ҷониби устодони кафедра китобу дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯён навишта шудааст. Дастурҳои таълимии Ш.Р.Ҳасанова «Забони муосири рус (синтаксис)», «Забони муосири рус (морфология)», Джамирова Л.И. “Забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологӣ”, Нағзибекова М.Б. “ Назарияи тарҷума”аз ҷумлаи асарҳоеанд, ки пас аз таъсиси кафедра нашр гардидаанд.

Самти таҳқиқ. Дар кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба проблемаҳои таърихи забони русӣ ва муқоисаи типологии забонҳо идома дорад.

Кафедра дар ташкил ва гузаронидани конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба муносибати санаҳои муҳим ва бузургдошти шоирону адибони адабиёти классикии русу тоҷик саҳми арзандае мегузорад.

Робитаҳои илмии кафедра бо марказҳои илмию таълимии мамлакат ва берун аз қаламрави он торафт қавӣ мегардад. Кафедра дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва муҳокимаи рисолаҳои илмии онҳо бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ва дигар муассисаю ташкилотҳо ҳамкории илмӣ дорад.