Дар ҷаласаи навбатии ҳайати комиссияи озмуни донишкадавии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки 13-уми апрел бо иштироки муовини ректор оид тарбия Зебониссо Бобоалиева баргузор гардид, ҳайати ҳакамон муайян шуданд.
Дар асоси пешниҳодҳои иштирочиён Нурмад Шамсов, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт ба ҳайси раиси ҳакамон, Лоло Давлатбеков, Рухшона Восиева, Фаёзҷон Турсунов, Қаноат Раҷабова, Сароҳат Қудратова, профессорону омӯзгорони донишкада ҳамчун аъзои ҳакамон ва Муҳаммадсалим Азизмуродов ба ҳайси котиб муаррифӣ гардиданд.
Таърихи баргузории озмун дар факултетҳо ва даврии донишкадавии он чунин эълон шуд:
- 24-уми апрел - факултаи филологияи рус;
- 25-уми апрел -факултаи забони англисӣ;
- 27-уми апрел - факултаи забонҳои Осиё;
- 28-уми апрел - факултаи филологияи тоҷик;
- 29-уми апрел - факултаи забонҳои Аврупо;
- 30-юми апрел - даври донишкадавии озмун.
Ёдовар мешавем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар тамоми макотиби илмии кишвар баргузор мегардад ва ғолибон бо диплому мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.