ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Сифати таҳсилот беҳтар мешавад

akhbor3Шуъбаи мониторинги идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамбастагӣ бо кафедраҳои методикаи таълим ва педагогикаву психология 16-уми апрел семинари илмӣ – методиро дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот” баргузор намуданд, ки дар он муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ Абдулмаъин Қаюмов ва мудирони шуъба ва кафедраҳо иштирок доштанд. 

Дар оғози семинар Абдулмаъин Қаюмов оиди омилҳои беҳтар гардонидани сифати таҳсилот дар донишкада ибрози назар намуда, қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот бояд дастури ҳамешагии омӯзгорон қарор гирад.

Сипас, мудири кафедраи методикаи таълим Каримҷон Гадоев оид ба “Омилҳои таъсиррасон ба ҳавасмандгардонии донишҷӯён ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва муаллими калони кафедраи педагогика ва психология Муродҳусайн Илҳомов дар бораи “Тавсияҳо оиди бартараф намудани баъзе камбудиҳо дар раванди сифати таълим” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. 

  Дар анҷоми семинар таъкид шуд, ки барои беҳтар гардидани сифати таълим, сараввал омӯзгоронро мебояд, бо тайёрии ҷиддӣ ба дарс ҳозир шаванду вобаста ба дарку талаботи донишҷӯ роҳҳои ҷолиби дарсгузариро ба роҳ монанд.