ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Оғози ҳафтаи илм дар донишкада

Дар донишкада 13-уми апрел конфренсияи илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён таҳти унвони “Таҳқиқоти забоншиносӣ, робитаҳои адабӣ ва ҷомеашиносӣ дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ” ба ифтихори солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, чунин зикр кард: “Бо шарофати баргузории ин чорабиниҳои муҳими илмӣ ба майдони илму фарҳанг пайваста чеҳраҳои нав  қадам ниҳода, тавассути андешаҳои ҷолиб ва пажӯҳишҳои арзишманд ганҷинаи илми муосири ватаниро бою рангин менамоянд.”

-Дар ҳар  қавму маконе, ки бунёди илму дониш устувор нест, ҷомеа ба таассубу ҷаҳолат, тундравӣ, ҷангу бадбахтӣ ва нестӣ мувоҷеҳ мегардад, зеро фазли илм бекарон, ма қоми соҳибилм баланд, шарофаташ бениёз ва беинтиҳост, - илова намуд ректор.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Асадулло Наҷмиддинов дар мавзӯи “Афзалиятҳои истифодабарии технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим”, профессори донишкада Рухшона Восиева дар мавзӯи “Корбурди гӯйишҳои хал қӣ дар ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ” ва дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзӣ Ҳикматулло Абдуллозода дар мавзӯи “Захираҳои обии Тоҷикистон ва вазъи экологии он” баромад намуданд.

Ҳамчунин, номзади илмҳои таърих Ҳошимҷон Аслонов оиди “Ёдгории Саразм - мероси арзишманди таърихию фарҳангӣ” ва муаллими калони кафедраи филологияи англис Саодат Кесамирова оиди “Моҳияти лингвистии мафҳумҳои муодилнокӣ, муодилнокии нопурра ва бемуодилии воҳидҳои луғавии байнизабонӣ” суханронӣ карданд.