4-уми апрел дар Шӯрои диссертатсионии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳимояи рисолаи илмиии муаллими калони кафедраи филологияи англис Кесамирова Саодат Рустамовна баргузор гардид.
Раиси Шӯро, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода зикр кард, ки муҳаққиқи ҷавон Саодат Кесамирова рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Таҳлили муқоисавии дараҷаҳои муодилнокии байнизабонии воҳидҳои луғавӣ аз нигоҳи тарҷума (дар мисоли забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ)” таҳти роҳбарии профессор Фаёзҷон Турсунов таҳқиқ кардааст.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада муаллимаро барои дифоъи рисолаи номзадиаш табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи пурмасъулияти илм комёбиҳои беназирро хоҳонанд.