Дар донишкада 11-уми апрел мулоқоти рӯзноманигор, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ, дотсент Илҳомҷон Ҳамидиён бо аъзои маҳфили “Тулӯи сухан” ва дастаи “Дурахш”-и назди бахши таҳлилӣ-иттилоотӣ дар мавзӯи “Ҷавонон: дирӯз, имрӯз ва фардо” баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Асадулло Наҷмиддинов изҳор дошт, ки мақсади асосии маҳфилу даста дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, ташаккули маҳорату малакаҳои рӯзноманигорӣ ва такмили захираи кадрҳо мебошад.
Илҳомҷон Ҳамидиён бо донишҷӯён суҳбати озод намуда, оиди мушкилот, комёбӣ ва нақшаҳои ояндасозашон дар роҳи пайдо намудани мавқеи шоиста дар ҷомеа сухан гуфта, зикр кард, ки ҷавонон барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд устуворона қадам ниҳода, давраи тиллои умри хешро сарфи омӯхтани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ кунанд.
Декани факултаи филологияи тоҷик Бахтиёр Абдураҳимов суханронӣ намуда, барои баргузории чунин чорабинии судманд ба рӯзноманигор Илҳомҷон Ҳамидиён ва аъзои фаъоли маҳфилу даста изҳор сипос кард.