Дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва рӯнамоии сомонаи факултет бо ширкати ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода, декан Бахтиёр Абдураҳимов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзноманигори шинохта Абдурауф Муродӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ХХДТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Илҳомҷон Ҳамидиён ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Маҳмадулло Раҷабзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки мо чанде қабл дар ифтитоҳи китобхонаи факултети филологияи тоҷик ширкат варзида будем ва инак дар рӯйнамоии сомонаи факултет ҳузур дорем. Воқеан ҳам бунёди китобхона ва таъсиси сомонаро метавон муваффақияти донишкада унвон кард, зеро ин ҳарду ташаббус корҳои созанда ва мондагоранд.
Ректор ба садорати факултет барои ин иқдомҳои созанда изҳори сипос намуда, бо пахш намудани тугмачаи рамзӣ ба фаъолияти расмии сомона ҳусни оғоз бахшид. Баъдан, муовини декан оид ба таълим Меҳроҷиддин Қаҳорзода бахшҳои сомонаро ба таври муфассал муаррифӣ кард.
Дар идома Абдурауф Муродӣ ва Илҳомҷон Ҳамидиён баромад карда, ба тарҳ, рубрика ва маводи сомона баҳои баланд дода, ба раёсати донишкада ва садорати факултети филологияи тоҷик барои ин ташаббуси шоиста офарину аҳсан гуфтанд. Дар қисмати дуюми ҳамоиш дастаи ҳунарии “Дидадаро” - факултет чорабинии хотирмони фарҳангиеро пешниҳоди ҳозирин намуд.
РS: Бо ин нишонӣ fft-ddzt.tj метавонед ба сомонаи факултети филологияи тоҷик ворид гардед.