Бо ибтикори раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишкада 9-уми март бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як гурӯҳ кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар минтақаи сайёҳӣ ва зебоманзари Сафед-дара як рӯзи хотирмонеро сипарӣ карданд.
Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Зарафшон Азизова ҳангоми суҳбат бо хабарнигори мо гуфт, ки воқеан ҳам дараи Сафед-дара макони беҳтарин барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ буда, он бо табиати нотакрораш дар ҷаҳон маъруф аст.
Бояд қайд кард, ки иштирокчиёни сафари сайёҳӣ ва ғолибони сабқати футболи хурд миёни занон ва духтарони донишкада барои чунин як иқдоми шоиста ба роҳбарияти донишкада ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба самимона ташаккур намуда, гуфтанд, ки минбаъд дар чорабиниҳои варзишӣ боз ҳам фаъола ширкат мекунанд, зеро ҳар амалеро подошест.