Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Рӯзи модар дар донишкада 5-уми март даври ниҳоии озмуни "Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол – 2020” бо ташаббуси раёсат ва Шӯрои занону духтарони донишкада байни донишҷӯдухтарони курсҳои якум то сеюм доир шуд.
Ба ҳунару истеъдоди иштирокчиён намояндагон аз ҳисоби бонувони вазорату идораҳои кишвар баҳогузорӣ карда, баргузории чунин озмунҳоро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.
Зикр шуд, ки мақсади асосии озмун дарёфти беҳтарин духтарони соҳибистеъдод буда, барои баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва арҷгузоштан ба ҳунарҳои мардумӣ муосидат менамояд.
Лозим ба зикр аст, ки озмун дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар асоси баҳогузории ҳакамон донишҷӯи соли аввали факултаи филологияи рус Сабрина Нурализода, донишҷӯдухтари ҳунарманди сол – 2020 дар донишкада интихоб гардида, бо тоҷ ва ифтихорномаву туҳфа аз ҷониби раёсати донишкада қадрдонӣ карда шуд. Ҳамчунин, ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.