ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Ташрифи сафир ба донишкада

Дар донишкада 7-уми март озмуни наттоқони забони ҷопонӣ бо ширкати ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мияшита Такаюки баргузор гардид.

Маҳмадулло Раҷабзода, аз робитаҳои судманди сафорат бо донишкада изҳори хушнудӣ намуда чунин изҳор дошт: “Робитаҳои нек ва муносиботи ҳусни тафоҳуму эътимод, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар заминаи манфиатҳои мутақобилан судманди миёни халқҳои мо роҳандозӣ шудаанд, бо азму талошҳои пайгиронаи сарварони хирадманди ду кишвари бо ҳам дӯст сатҳу сифати ин муносибатҳо боз ҳам беҳтар гардиданд.”

Зикр шуд, ки  дар донишкада шуъбаи забони ҷопонӣ соли 2002 таъсис ёфта, моҳи сентябри соли 2019 Маркази омӯзиши забони ҷопонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Мавриди зикр аст, ки ба ҳунару истеъдоди иштирокчиёни озмун мутахассисони соҳа ва устодони забони ҷопонӣ баҳогузорӣ карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки чунин озмунҳои маърифатӣ барои рушди тафаккури зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.