Бахшида ба яке аз ҷашни бузурги мардуми ориёитабор - Сада, ки дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 30 январ) баргузор мегардад, дар донишкада бо иштироки васеи профессорон, омӯзгорон ва ҳайати кормандон мизи мудаввар дар мавзӯи “Сада-ҷашне аз табори ориёӣ” баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева чорабиниро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар қатори ҷашнҳои миллии мо - Наврӯзу Меҳргон дубора эҳё гардид.
Баъдан мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт Нурмад Шамсов дар мавзӯи “Сада муждаи нахустини баҳор” ва мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Диловар Маҷидов дар мавзӯи “Аз таърихи пайдоиш ва таҷлили ҷашни Сада” баромад намуданд.
Зикр гардид, ки ҷашни Сада ёдгоре аз даврони ориёиҳо буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳи пешдодӣ – Ҳушанг, баъзеҳо ба шоҳ Фаридун ва ҳатто ба Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд. Дарвоқеъ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва тақвияти ҳисси хештаншиосии насли ҷавон мусоидат хоҳад кард.