ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Роҳҳои ҷолиб гузаронидани дарс

Бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳи омӯзиши донишҷӯён ва ҷорӣ намудани барномаҳои ҷолиб дар раванди дарс бо ташаббуси кафедраи забонҳои романӣ - германии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 24-уми январ дар Маркази рушди забони англисии донишкада семинари илмӣ – методӣ бо иштироки мудир Абдурауф Наврасов ва омӯзгорони кафедра баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар семинар аз ҷониби омӯзгорони кафедра фишурдаи гузаронидани дарси таълимӣ бо роҳҳои гуногун ва барномаҳои ҷолиб доир шуд, ки дар воқеъ барои рушди омӯзиши донишҷӯён заминаи хубе хоҳад буд.

Дотсенти кафераи мазкур Бибикалон Камолова дар раванди гузаронидани дарс оиди “Далтон - нақша” яъне, нақшофарии бозиҳои таълимӣ, роҳҳои кӯмаки психологӣ намудани омӯзгор ба донишҷӯ андешаҳои хешро пешниҳод намуд.

Иштирокчиёни семинар ҳам дар раванди он фаъол буда, доир ба роҳҳои ҷолиби кор бо матн, возеҳу равшан фаҳмонидани мавзӯъ ва истифодаи тестҳои шавқовар дар ҷараёни дарс ибрози назари худро баён доштанд.