Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш» - и пойтахт 6-уми сентябри соли ҷорӣ маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода барандагон ва иштирокчиёни озмунро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик намуда, барояшон дар даври ҷумҳуриявии озмун барору комёбӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуд.
Боиси зикру ифтихор аст, ки дар ин озмуни бонуфуз аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳкамов Дороҷон Суҳробҷонович, докторант (Phd)-и ин боргоҳи илму маърифат аз номинатсияи “Эҷоди наср” сазовори ҷойи якум гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ мукофотонида шуд.
Пирӯзӣ муборак, Доро Суҳробӣ. Комёбӣ дар даври ниҳоии озмун ҳамсафарат бошад!