ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ТАМОШО НАМУДАНД

IMG 6123

Ҳайати раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар маҷлисгоҳи таълимгоҳ ва синфхонаҳои факултетҳо ҷамъ омада, суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тамошо карданд.

Баъди тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робита бо хориҷа Маҳмадалӣ Раҷабиён ва ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода чорабинии идона доир гардид.

Маҳмадалӣ Раҷабиён ва Жило Гулназарзода аз дастгириҳои пайваста, иқдомоти бузург ва хизматҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи маориф ва илм дар 32 – соли Истиқлоли давлатӣ сухан гуфта, ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик карданд.

Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамасола Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба илму дониш ва хираду маърифат бо ширкати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад.

Дар идома мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт Нурмуҳаммад Шамсов ва донишҷӯи фаъоли Донишгоҳ Сафарзода Мавлуда дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонон баромад намуданд.

Инчунин, дар ин рӯз мулоқоти ректори Донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳо баргузор карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз (01.09.2023) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

IMG 6124