ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Ҳамоиши илмӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалӣ

IMG 7524 26 - уми декабри соли 2022 дар Донишкада бахшида ба қабули Қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамоиши илмӣ зери унвони “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ” бо ширкати раёсати Донишкада ва мутаххасисону олимони соҳа дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Ректори Донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода аз ташаббусҳои таърихиву мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, чунин изҳор дошт: “Боиси ифтихори мост, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.”

Дар идома муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назрулло Шерализода иқдоми навбатии Пешвои милат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таърихӣ, муҳим ва саривақтӣ номида, аз ҷумла, изҳор дошт, ки Ҷумуҳурии Тоҷикистон давлати куҳсор буда, вазъи пиряхҳои он ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат қарор доранд.

Зикр шуд, ки пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии захираҳои кулу дарёҳо буда, нақши онҳо дар таъмини давлатҳои дунё бо об муҳим аст. Аз ин рў, бо пешниҳоди хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи дарёву кулҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомоти заруриро роҳандозӣ карда истодааст.қ

Инчунин, муовини Сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолуддин Назирзода, мутахассиси маркази яхшиносии ҳамин Агентӣ Анвар Ҳомидов, устодони Донишкада оид ба вазъ, ҳолат ва дурнамои пиряхҳои мамлакат ва ҷаҳон дар мавзуъҳои гуногун маърузаҳои илмӣ ва мулоҳизаҳои судманд пешниҳод карданд.

Мавриди зикр аст, ки Назирзода Камолуддин ва Анвар Ҳомидов бо рўнамоиҳои ҷолиб атрофи пиряхҳо, лабараторияҳо ва оқибати нестшавии онҳо баромади судманд анҷом доданд.

Омўзгорони Донишкада Диловар Маҷидов, Муҳаббатшо Қобилов ва Шарифалӣ Қодиров дар музокира фаъолона ширкат карда, ба муҳтавои маърузаҳои иштирокчиён баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки 14 декабр Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

IMG 7580

IMG 7537