ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ АРТИШ

Дар Донишкада дар асоси низомнома ва нақшаи тасдиқнамудаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳфили «Рӯзғордорӣ» бо ширкати донишҷӯдухтарони ҳунарманди Донишкада дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Шартҳои асосии озмун чунин буд:

1.     Оростани дастархони тоҷикӣ бо пешниҳоди таъомҳои миллӣ;

2.     Намоиши тарзи тайёр намудани як таоми миллӣ ва муаррифии он;

3.     Маҳорати омода намудани хӯришҳо;

4.     Маҳорати қабули меҳмон дар хона;

5.     Саволи ҷавоб оид ба масъулияти оиладорӣ ва рӯзғордорӣ.

Роҳбари бахши кор занон ва духтарони Донишкада Маҳбуба Иззатуллоева зимни суҳбат бо мо изҳор дошт, ки маҳфили «Рӯзғордорӣ» бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, баланд бардоштани касбомӯзӣ ва ба хотири арҷгузорӣ ба расму оини миллӣ таъсис дода шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки ғолибон ва беҳтарин иштирокчиёни озмун дар арафаи Рӯзи модар бо туҳфаҳову сипосномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.