ТОҶ  /  РУС  /  ENG

Ташрифи вазири маориф ба донишкада

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бо номи “Дурахши ахтари дониш зи Истиқлол бошад” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва ректорони макотиби олии пойтахт ширкат намуданд.

Зимни суханронии хеш дар чорабинии тантанавӣ вазири маориф ва илм ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, донишҳои муосир ва худшиносиву ватандӯстӣ ҳидоят карда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки донишҷӯёни ин даргоҳ муаррифгари Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳастанд ва бо донишу истеъдоди воло дар рушди соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Ректори муассиса, профессор Жило Гулназарзода дар бораи дастовардҳои донишкада дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ маълумот дода, ҳузури меҳмонони олиқадрро ба ин макони донишандӯзӣ шодбош гуфт.

Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 2021 - ро Соли чопи китобҳо эълон кардааст ва дар партави ин иқдоми наҷибона силсилаи дастуру китобҳои таълимӣ, монографияҳо ва барномаҳои таълимӣ интишор гардидаанд. Аз ин рӯ, дар қисми аввали ҳамоиш китобҳои тозанашри “Фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат”, “Энсиклопедияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”, “Боргоҳи забоншиносӣ аз равзанаи таърих”, “Донишномаи забонҳо”, “Улуғзода вафодори Ватан буд” ва “Барномаи таълимии омӯзиши забони англисӣ дар доираи барномаи умумиаврупоии забонҳои хориҷӣ (CEFR) муаррифӣ шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори раёсати донишкада дар ҳамдасти бо ҳафтаномаи “Омӯзгор” бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода озмун барои беҳтарин мақолаҳо роҳандозӣ гардида буд, ки имрӯз ғолибони он бо диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, аз ҷониби раёсати донишкада ба ректорони собиқи донишкада барои фаъолияти пурсамар дар ин боргоҳи илму забономӯзӣ сипоснома тақдим шуд.

Дар охир аз ҷониби дастаи ҳаваскорони “Субҳи ҷавонии мо”- и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барномаи хотирмону фарҳангӣ дар сатҳи баланд манзури тамошобинон гардид.

Ифтитоҳи биноҳои замонавӣ аз ҷониби вазир

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ректорони макотиби олии пойтахт ва дигар меҳмонон 12-уми ноябри соли 2021 ба донишкада ташриф оварданд.

Вазир ду толори тозатаъсиси лексионӣ бо 200 ҷойи нишаст, маркази TOEFL (тести забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ) ва толори фарҳангии донишкадаро пас аз азнавсозӣ ифтитоҳ кард.

Муҳаммадюсуф Имомзода зимни кушодашавии Маркази омодакунии имтиҳони байналмилалии «TOEFL» зикр намуд, ки донишкада дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гаштааст. Таҳсили донишҷӯёни ин донишкада дар донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалии давлатҳои хориҷи кишвар далели ин гуфтаҳост.

Ҳамчунин, вазири маориф ва илм бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароити таҳсилу забономӯзии донишҷӯён аз осорхона ва Маркази тестии Exam Preparation Center-и факултаи забони англисӣ ва дигар марказҳои замонавии муасисса боздид карда, ба роҳбарияту омӯзгорон барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ин мазказҳои замонавии забономӯзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд иброз дошт.