
16-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш» - и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибони он мукофотҳои пуливу молӣ ва диплому ифтихорномаҳои мақомоти мазкур тақдим гардиданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Боиси ифтихор аст, ки дар қатори дигар наврасону ҷавонони хуштолеълеи тоҷик донишҷӯи соли сеюми факултаи забони англисӣ Аллома Собирова дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм ва донишҷӯи соли чоруми факултаи забонҳои Аврупои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шарифа Фидоматова дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин, шоистаи зикр аст, ки донишҷӯёни мо Зуҳро Наврӯззода ва Ҷумъабой Асилов бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки ба ғолибони ҷойи якум 20 000 сомонӣ, мақоми дуюм 15 000 сомонӣ ва сеюм 10 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағузории фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе мукофотпулӣ ва «Диплом» тақдим карда шуданд.
Ин дастоварди арзишмандро ба кулли кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода муборак гуфта, бовар ва умед дорем, ки донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдоди мо - Аллома Собирова, Шарифа Фидоматова, Зуҳро Наврӯззода ва Ҷумъабой Асилов дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойиҳои намоён мегарданд.
Пирӯзӣ муборак, донишҷӯёни соҳибистеъдоди мо!
Комёбӣ ҳамсафаратон!