ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ДУРАФШИ САРФАРОЗИ МО ПАРАФШОН

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми ноябр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии тантанавӣ зери унвони “Дурафши сарфарози мо парафшон” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ректори донишкада, профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафаргул Ҳалимова ва муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Давлат Ғафорзода ширкат ва суханронӣ карданд.

Чорабинӣ чун анъана бо хондани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Баъдан, ректор Жило Гулназарзода, меҳмонон ва кормандону донишҷӯёни саодатманди донишкадаро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфт.

- Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”- и аҷдоди ориёнитаборамон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуни фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳии қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад,  - зикр шуд дар ҳамоиш.

Шоистаи зикр аст, ки аз ҷониби раёсати донишкада як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол ва ғолибони даври ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни ҷумҳурии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. 

Дар охир, донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдоди донишкада чорабинии хотирмони тарбиявиеро пешниҳод карданд.