Дар конференсияи илмӣ-амалии донишкадавие, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сӣ соли Истиқлол ва рушди забони тоҷикӣ” баргузор гардид, ректор, профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода ва вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Саодатшо Матробиён ширкат карданд.
Ректор Жило Гулназарзода зимни ифтитоҳи конфренсия ҳозиринро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳният гуфта, чунин изҳор дошт: «Боиси зикру ифтихор аст, ки имрӯз дар кишвари мо сиёсати забон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ дорад ва заминаҳои бунёдии он - нумӯ ёфтани ифтихори миллӣ, кашфи роҳу василаҳои амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат ва рушди забон дурандешона ва хирадмандона тарҳрезӣ гардидааст.»
- Забони модарӣ оинаи таърих ва давлатдорӣ, беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат, омили муҳими иттиҳод аст. Моро зарур аст, ки бо масъулияти волои худшиносию худогоҳӣ бидонем, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст ва ҳамеша бикӯшем, ки дар дилу дидаи наврасону ҷавонон ҷо гирифтани ҳисси ҳифз ва эҳтироми самимӣ ба забони модарӣ ҷовидона ва абадӣ бошад, яъне, ин забон аз насл ба насл поку беолоиш ва бегазанд ба мерос гузарад, - илова намуд Жило Гулназарзода.
Профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар бораи хизматҳои бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфта, аз ҷумла, зикр кард, ки: «Асари бағоят мондагору муҳим ва бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, китоби дуюми «Забони миллат - ҳастии миллат», ки ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида, баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузурги илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи асосии миллат будани он аст, инқилоби фикриест дар ин соҳа.»
- Мояи ифтихору сарбаландии мо, тоҷикон, аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шахсан, пуштибону ҳомии забони тоҷикӣ мебошанд. Ва забонро ба ҳайси рукни асосии бинои ҳастии миллат ва устувориву будубоши давлат ҳамчун муқаддасоти миллат арҷ мегузоранд, ки ин, пеш аз ҳама, барои мо-равшанфикрону аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ, мояи ифтихор ва сарбаландию пайравист, - қайд кард О. Муҳаммадҷонзода.
Дар идома дотсент Саодатшо Матробиён баромад намуда, изҳор дошт, ки: «Забони адабии тоҷикӣ маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориву пуштибонии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд карда, имрӯз он дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ садо медиҳад, ки боиси ифтихори мо, тоҷикон, аст. Аз ин рӯ, бо дили пур метавон гуфт, ки забони давлатӣ ва дигар забонҳо дар ҷомеаи мо пуштибону ғамхори худро доранд.»
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик суханҳо аз китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» - и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шеърҳо дар бораи забони модарӣ пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, омӯзгорон Нурмад Сироҷӣ ва Шарофат Ҷабборова аз эҷодиёти худ намунаҳо қироат намуданд.
Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти донишкада барои фаъолияти шоиставу назаррас бо ифтихорномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Конференсия дар бахшҳо бо иштироки васеи кормандони донишкада кори худро идома дод.
БАЗМИ ШЕЪР ДАР ХОБГОҲ
Барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии донишҷӯён, ҳифзу бузургдошти осори адибони барҷастаи миллати тоҷик ва ҷалби бештари ҷавонон ба китобу китобхонӣ ва дарёфти малакаҳои зеҳнӣ дар хобгоҳи донишкада базми шеър дар асоси ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардид, ки дар он ректор, профессор Жило Гулназарзода ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар оғоз муҳассилин аз осори безаволи Рӯдакӣ ва Мавлоно шеърҳо қироат карданд ва ҳамзамон, порае аз рӯзгори ин адибони номавари тоҷик, ки ҷанбаи тарбиявӣ дошт, намоиш дода шуд.қ
Жило Гулназарзода ба раванди баргузории маҳфили шеър баҳои баланд дода, аз ҷумла, изҳор дошт, ки минбаъд ҳам ин иқдом мунтазам дар сатҳи факултаҳо ва донишкада роҳандозӣ гардад. Зеро имрӯз донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷик ва забонҳои Аврупо бо ҳунари воло ва истеъдоди баландашон хотири ҳозиринро болида намуданд.
Ҳамчунин, ректори донишкада аз шуҳрати оламшумули Рӯдакиву Мавлоно ёдовар шуда, перомуни ҷойгоҳ ва мақоми онҳо дар адабиёти тоҷик ва ҷаҳон изҳори андеша кард.
ЭЪЛОН
Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода қабули довталабонро ба курсҳои таёрии се моҳаи забономӯзӣ, аз ҷумла:
- забони тоҷикӣ
- забони русӣ
- забони англисӣ
- забони хитоӣ
- забони кореягӣ
- забони олмонӣ
- забони фаронсавӣ
- забони ҷопонӣ
- забони форсӣ
- курси компютерӣ
- курси дузандагӣ
даъват менамояд.
Машғулиятҳои таълимӣ аз ҷониби устодони соҳибтаҷрибаву унвондори донишкада ва омӯзгорони хориҷии таҷрибадор дар синфхонаҳои замонавӣ гузаронида мешаванд.
Сомона: www.ddzt.tj.
Суроға:ш. Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6. Тел.: (+992)205-205-111; (+992) 900-93-10-94
ЭЪЛОН
Шуъбаи курсҳои тайёрии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар асоси шартнома қабули шунавандагонро ба курси тайёрӣ аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат (кластери 3) ихтисосҳо эълон менамояд:
Ба шуъбаи тайёрӣ шахсони дорои маълумоти таҳсилоти умумӣ, инчунин, хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (баъд аз дарс) қабул карда мешаванд.
Шахсони ба шуъбаи тайёрӣ қабулшаванда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи ректори донишкада;
-аттестат ва ё диплом дар бораи таҳсилоти умумӣ (нусхаи асл);
- 6 нусха расми 3х4;
-маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);
- маълумотнома оид ба пардохти маблағи шартнома
- маълумотнома аз мактаб (барои хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ).
Нишонӣ: ш.Душанбе, маҳаллаи 102, кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев.
Телефон: 92-834-36-92
МУОВИНОНИ РЕКТОР ТАЪЙИН ШУДАНД
16-уми октябр сардори раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳайдаров дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони тозатаъйини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Амонулло Каримов ва оид ба корҳои иқтисодӣ ва иқтимоӣ Сайнуриддин Ахмедовро муаррифӣ намуд.
Фаррух Ҳайдаров дар оғози суҳбат аз рушди соҳаҳои маориф ва илм дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши донишкада дар тайёр кардани мутахассисони ҳирфаӣ ёдовар гардида, кадрҳои таъйиншударо барои содиқонаву самимона хизмат кардан ба халқу Ватан даъват кард.
Мавриди зикр аст, ки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саиднеъмон Раҷабов бинобар сабаби ба синни нафақа расидан ва муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Абдуқодир Назруллоев бо сабаби ба итмом расидани муҳлати ваколати муовини ректор аз вазифа озод гардиданд.
Ректори донишкада, профессор Жило Гулназарзода ба устодон Саиднеъмон Раҷабов ва Абдуқодир Назруллоев барои фаъолияти пурсамарашон дар ин дарбори илму ҳунар изҳори ташаккур намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназир орзу намуд.