ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ҶАВОНОН ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАНАНД

45645646456456456456

 


Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 18-уми май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони “Ҷавонон чашми бедори Ватананд” дар сатҳи баланд доир гардид.

          Дар чорабинӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филология, профессор Жило Гулназарзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, роҳбари гурӯҳи “Авангард”-и назди ВКД Фирӯз Қодиров ва ҳайати устодону донишҷӯён иштирок доштанд. 

          Ректори муассиса дар ифтитоҳи чорабинӣ оид ба дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ баромад карда, иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи бузург ва созандаи ҷомеа дар таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, рушду нумӯи давлат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва муаррифии дастовардҳои кишвар саҳми бориз доранд.

          Шоҳзод Раҳимзода аҳли нишастро бахшида ба ин санаи фархундарақам табрик гуфта, қайд намуд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз фаъолтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб ёфта, дар муаррифии дастовардҳои даврони истиқлолият ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ фаъолияти арзанда дорад.

          Мудири шуъбаи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён саҳми ҷавононро дар таҳкими сиёсати давлатдории кишвар ва рушди босуботи ҷомеа бисёр муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватану ин сарзамин сутунҳои асосии пойдории мамлакатро ташкил медиҳанд.

          Сипас, ба як қатор омӯзгорону донишҷӯён ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати донишкада ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шањри Душанбе барои фаъолияти арзанда ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ тақдим шуд.

Бояд гуфт, ки қисмати фарҳангии чорабинӣ бисёр ҳам шавқовар ва муассир маҳсуб ёфта, дар он дастаи ҳунарии “Дидадаро” – и факултети филологияи тоҷик бо рақсҳои зебои тоҷикона, суруду таронаҳои ватандӯстона,  намоиши театрикунонидашуда аз лаҳзаи вохӯрии Ёдгор ва Гулнори асари “Дохунда” – и С. Айнӣ, доирабазм ва бадеҳаву саҳначаҳои ҳаҷвӣ  ба табъи аҳли толор фараҳ бахшиданд.

Ректори донишкада Жило Гулназарзода дар охир ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори ташаккур гуфта, бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки баргузории чорабиниҳо дар чунин сатҳ боиси ифтихор ва таҳсин ба ҳисоб меравад.