ТОҶ  /  РУС  /  ENG

КОНФЕРЕНСИЯ БО СЕ ЗАБОН

0022Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 11-уми май конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Сабабҳои зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирӣ намудани он” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир шуд.

          Дар конференсия ректори донишкада, доктори илмҳои филология, профессор Жило Гулназарзода, судяҳои суди н. Синои ш. Душанбе Нигора Назарзода, Аҳмад Бобозода, прокурори шуъбаи прокуратураи шаҳри Душанбе Солеҳҷон Ҳомидзода, мушовири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ва дотсенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ф. Мирзоахмедов ширкат доштанд.

Ректор дар ифтитоҳӣ чорабинӣ вобаста ба пешгири намудани зӯроварӣ дар оила иброз дошт, ки ҳар гуна муноқиша фазои солими хонаводаро вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, бедоршавии ҳисси нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият мегардад.

- Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ногувор дар мамлакат 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардид. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаи субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд, - илова намуд ректор.

Сипас, меҳмонон дар мавзӯъҳои “Ҳамкориҳои байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмӯаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон дар муносибатҳои оилавӣ”, “Масъалаҳои зӯроварӣ дар оила мувофиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои ИДМ”, “Омилҳои пайдоиши зӯроварӣ дар оила”, “Фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар пешгирии зӯроварӣ дар оила. Вазифаҳо, муваффақиятҳо ва дурнамо” ва “Зӯроварии оилавӣ” маърӯзаҳои пурмузмун ироа карда, нуқтаҳои муҳими онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки конференсия баъди нисфирӯзи дар бахшҳо кори худро идома дода, дар он омӯзгорони кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ дар мавзӯъҳои “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои зӯроварӣ дар оила”, “Табиати ҳуқуқии зӯроварӣ дар оила” ва “Сабабҳои зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он” баромад карданд.