ТОҶ  /  РУС  /  ENG

МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БАРРАСӢ ШУД

2211111Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 28-уми апрел конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди инноватсионӣ” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конференсия ректори донишкада Жило Гулназарзода, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Некрӯз Муъминов, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Б.Наврӯзшоев ва ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ иштирок доштанд.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Жило Гулназарзода чунин изҳор дошт: “Донишҳои муосир, пайванди илму истеҳсолот ва муносибати навоваронаву инноватсиониро тақозо мекунад, ки роҳандозии онҳо бе ҷалби олимону мутахассисони дорои сатҳи баланди касбият ғайриимкон аст. Дар робита ба ин низ аз кормандони илму маориф фаъолияти боз ҳам бештар дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос, инчунин, омодасозии сокинони кишвар барои истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ талаб карда мешавад.”

Дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов дар мавзӯи «Аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз дидгоҳи Пешвои миллат» маърӯза намуда, иброз кард, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад.

Ҳамчунин, аз ҷониби меҳмонон ва омӯзгорони донишкада дар мавзӯоти “Забономӯзӣ дар намунаи забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ” ва “Имкониятҳои омӯзиши фосилавии забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди технологияҳои инноватсионӣ” баромад карда, нуктаҳои мубрами онҳоро дар қисмати музокирот мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар конференсия зиёда аз 90 мақолаи илмии устодон, донишҷӯён, магистрантон ва докторантони (PhD) — и донишкадаву берун аз он дар мавзӯъҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва роҳу усулҳои тадриси забонҳои хориҷӣ пешниҳод шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.