ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ИФТИТОҲИ ДУ МАРКАЗИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДОНИШКАДА

99999999999Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 1-уми май дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” – и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ ва модернизатсияи равандҳои омодакунии тарҷумонҳо” Маркази тарҷумонӣ ва Маркази рушди маҳорати методӣ ифтитоҳ гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Жило Гулназарзода зимни боздид аз марказҳо иброз дошт, ки маркази рушди маҳорати методӣ ҳамчун маркази таълимӣ ва илмӣ дар донишкада фаъолият намуда, дар он омӯзгорону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон метавонанд маҳорату малакаи касбии худро такмил диҳанд.

- Маркази тарҷумонӣ ва тарҷумаи ҳамзамон дорои таҷҳизотҳои муосиру муносиб ба фаъолияти тарҷумонӣ буда, барои беҳтар гардонидан ва омода кардани тарҷумонони баландихтисос заминаҳои мусоиде фароҳам меоварад, - зикр кард ректор.

Бояд қайд кард, ки марказҳои ифтитоҳшуда, фаъолияти илмиву инноватсионӣ ва тарҷумонии донишкадаро беҳтар гардонида, инчунин, барои баргузории дарсҳои назариявӣ ва амалӣ, семинару вебинарҳо, мизҳои мудаввар, гузаронидани машғулиятҳо оид ба анҷом додани тарҷумаҳои шифоҳии паиҳаму ҳамзамон ва дигар чорабиниҳои илмӣ асос ёфтаанд.