Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 23-юм ва 24-уми апрел даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм – Фурӯғи маърифат» таҳти унвони «Пайравони Ал-Хоразмӣ» миёни муҳассилини факултетҳо доир шуд.
Даври аввали озмун аз номинатсияҳои математика, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ иборат буд.
Барои муайян кардани ғолибон аз рӯйи самтҳо аз ҳисоби устодони пуртаҷрибаи донишкада ҳайати ҳакамон таъсис ёфта, баъди пешниҳоди хулосаи ниҳоии онҳо ғолибон муайян ва ба даври навбатии озмун, ки моҳи май дар назар аст, роҳхат гирифтанд.
Ғолибони даври аввал:
АЗ НОМИНАТСИЯИ МАТЕМАТИКА:
Даврон Бозоров - донишҷӯйи соли дуюми факултети филологияи рус ҷойи 1-ум;
Шоҳина Раљабова - донишҷӯйи соли сеюми факултети забони англисӣ ҷойи 2-юм;
Парвина Абдуллоева - донишҷӯйи соли якуми факултети забони англисӣ ҷойи 3-юм.
АЗ НОМИНАТСИЯИ БИОЛОГИЯ:
Ганҷина Исмоилова - донишҷӯйи соли дуюми факултети филологияи рус ҷойи 1-ум;
Маҳбуба Ҳалимзода - донишҷӯйи соли якуми факултети забони англисӣ ҷойи 2-юм;
АЗ НОМИНАТСИЯИ ГЕОГРАФИЯ:
Муҳсиддин Яќубов - донишҷӯйи соли дуюми факултети забони англисӣ ҷойи 1-ум;
Шабнам Нодирӣ – донишҷӯйи соли сеюми факултети забонҳои Осиё ҷойи 2-юм;
Муҳаммадрофеъ Муҳаммадов – донишҷӯйи соли якуми факултети забонҳои Аврупо ҷойи 3-юм.
АЗ НОМИНАТСИЯИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ:
Заробиддини Сунатулло - донишҷӯйи соли якуми факултети забони англисӣ ҷойи 1-ум;
Анушервон Файзуллоев - донишҷӯйи соли якуми факултети забонҳои Аврупо ҷойи 2-юм;
Муслиҳиддин Яҳёев - донишҷӯйи соли дуюми факултети забони англисӣ ҷойи 3-юм.
АЗ НОМИНАТСИЯИ ИХТИРООТ ВА НАВОВАРӢ:
Сомонӣ Шарипов - донишҷӯйи соли 4-уми факултети забони англисӣ ҷойи 1-ум.