ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ҶАМЪБАСТИ БОШУКӮҲИ ҲАФТАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

1212222121-уми май дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ширкати ректори донишкада, доктори илмҳои филология Жило Гулназарзода ҷамъбасти “Ҳафтаи забони англисӣ” дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Дар ин чорабинии хотирмон донишҷӯёни факултети забони англисӣ бо пешниҳоди Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони англисӣ, рақсҳои тоҷикӣ ва шотландӣ, сурудҳои дилошуби милливу англисӣ, рӯнамо дар мавзӯи “Ҳунарҳои мардумӣ” хотири ҳозиринро шод гардониданд.

Ректори донишкада Жило Гулназарзода ба раванди баргузории ин чорабинии бошукӯҳ баҳои баланд дода, дар охир ба ғолибони озмунҳо аз номинатсияҳои “Беҳтарин газетаи деворӣ”, “Суруди беҳтарин”, “Тарҷумаи беҳтарин”, “Беҳтарин донандаи грамматикаи забони англисӣ” ва донишҷӯёни фаъоли факултет ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.