Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 30-юми март конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи маънавӣ - ахлоқии ҷавонон” баргузор шуд.
Дар конференсия ректор Ж.Гулназарзода, профессорони кафедраи педагогика ва психологияи муассиса И.Қосимзода, Ф.Гулмадов ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд.
Ректори донишкада зимни ироаи маърӯзаи хеш аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини шароити мусоид дар таълиму тарбияи насли наврас ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон саҳми муҳимму назаррас доранд.
Профессор Идигул Қосимзода тарбияи маънавӣ ва ахлоқии ҷавононро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷавонони мо бо зиракиву шуурнокӣ метавонанд мамлакати азизамонро обод гардонида, нуфузу шаҳомати онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Баъдан, профессор Ф.Гулмадов зимни суханронии худ изҳор дошт, ки тарбия омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳо ба ҳисоб рафта, он муносибати байни одамонро дар ҷомеа ба танзим медарорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба насли наврас арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллиро омӯзонем ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кунем, зеро онҳо идомадиҳандаи кору пайкори мо дар оянда ҳастанд.
Ҳамчунин, дар қисмати кор дар бахшҳо омӯзгорони кафедраи педагогика ва психология дар мавзӯҳои “Тарбияи маънавии ҷавонон дар заминаи мероси педагогии мутафаккирони форсу тоҷик”, “Ҳамкории мактабу оила дар тарбияи ахлоқӣ – маънавии хонандагон”, “Нақши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва ахлоқи хонандагон” ва “Моҳияти тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ – дар муносибати байни ҳамдигарии ҷавонон” баромад намуданд.