Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Академия” олимпиада баргузор гардид.
Боиси зикру ифтихор аст, ки дар ин олимпиада донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Даврон Бозоров зери роҳбарии ассистенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ - риёзӣ Дилором Шакарбекова аз фанни математика ширкат карда, аз миёни 34 нафар иштирокчӣ ғолиби “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” гардида, бо дипломи дараҷаи дуюм қадрдонӣ шуд.
Тавре сомонаи расмии АМИТ иттилоъ медиҳад - маҳаки асосии баргузории олимпиада пеш аз ҳама баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ ва бо мақсади дар оянда ҷалбашон ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.
Комёбии донишҷӯ Даврон Бозоров дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гувоҳ ба он аст, ки дар донишкадаи мо дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар илмҳои муосир муҳассилин фанҳои дақиқ ва риёзиро низ дар сатҳи зарурӣ медонанд.
Пирӯзӣ муборак, донишҷӯи фаъоли мо Даврон Бозоров!