Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами филология, ҷомеашиносӣ ва фанҳои табиӣ- риёзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар конференсия ректори донишкада, доктори илмҳои филология Жило Гулназарзода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ ширкат варзиданд.
Ректор Жило Гулназарзода конфренсияро ифтитоҳ намуда, чунин иброз дошт: «Ҳамасола моҳи апрел дар баробари дигар муассисаҳо дар таълимгоҳи мо низ «ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияву семинарҳои илмию амалӣ, ки натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии омӯзгорону муҳассилини донишкадаро бозгӯ мекунад, гузаронида мешавад. Баргузории «ҳафтаи илм» ба рушди илми тоҷик, ки дар даврони 30 – соли соҳибистиқлолӣ мақому манзалати бештаре касб намудааст, заминаи мусоиде фароҳам меоварад.»
Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва рушди бемайлони он зиёд буда, дар ҳама суханрониҳояшон вобаста ба ин масъала таъкиду роҳнамоиҳои судманд мекунанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар як мулоқоташон бо аҳли зиё зикр намуданд, ки: «Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбанд.»
Дар идома, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар мавзӯи «Фарҳанги оиладорӣ дар насри Сотим Улуғзода» баромад карда, иброз дошт, ки Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода аз ҷумлаи он адибонест, ки дар эҷодиёти гаронарзишаш масъалаҳои муҳимро дар мисоли зиндагии Виркан ва Наниманча дар қиссаи таърихии «Ривояти суғдӣ», Умархон ва хонадони ӯ дар қиссаи тарҷумаҳолии «Субҳи ҷавонии мо», Ҷӯрабек ва Зайнаб дар қиссаи психологии «Ёрони боҳиммат», Восеъ ва Аноргул дар романи таърихии «Восеъ» ва Фирдавсию Фотимабону дар романи миллии «Фирдавсӣ» дуруст ва хеле нозукбинона матраҳ намудааст.
Ҳамчунин, дар қисмати ифтитоҳӣ профессори донишкада Фаёз Турсунов дар мавзӯи «Роҷеъ ба мафҳуми «Тарҷуманопазирӣ» дар тарҷума” ва дотсент Ҳикматулло Абдуллозода дар мавзӯи «Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи об» маърӯзаҳои пурмуҳтавои худро пешниҳоди аҳли нишаст гардониданд.
Мавриди зикр аст, ки конференсия то 21-уми апрел дар бахшҳо кори худро идома медиҳад.