ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДАИ ЗАБОНҲО

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 20-уми март чорабинии идонаи бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он ректор Жило Гулназарзода ва доираи васеи кормандону донишҷӯён шикат карданд.
Ректор Жило Гулназарзода ҳозиринро бо фарорасии ин ҷашни куҳанбунёду аҷдодӣ табрик намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки: “Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллати шарафманди тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт дар табиат, оғози тозаи зиндагӣ барои мавҷудот аз замони дур то ба имрӯз ҳамчунон пуршукӯҳу шоиставу неку расидааст.”
Баъдан, аз ҷониби раёсати донишкада ба як гурӯҳ кормандону омӯзгорон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди донишкада ифтихорномаву сипоснома тақдим карда шуд. Ҳамчунин, омӯзгороне, ки дар соҳаи маориф ва илм хизмати шоиста кардаанд, бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Бояд зикр кард, ки расму суннатҳои наврӯзии сарзамини маҳбубамон, намоиши либосҳои миллии мардумӣ, ороишоти наврӯзӣ, оростани дастархон бо хӯрокҳои наврӯзӣ, дастовардҳои миллӣ аз ҷониби факултаҳо ва табрикоти наврӯзӣ бо забонҳои омӯхташаванда аз ҷавҳари асосии барномаи ҷашнии донишкада буд.
Хулоса, ҷашни байналмилалии Наврӯзро ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада дар сатҳи баланд ва бо камоли эҳтиром ба суннатҳои миллӣ ва рӯҳияи идона таҷлил намуданд.