Дар факултети филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 5-уми март бахшида ба Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар сатҳи баланд баргузор шуд, ки дар он ректор Жило Гулназарзода ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён ширкат карданд.
Қироати шеър, табрикот бо забонҳои хориҷӣ, суруд, рақс, саҳначаҳои тарбиявӣ қисми асосии барномаи фарҳангӣ буд.
Дар охир ректор ба раванди баргузории чорабинӣ баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки бояд ҷавонон ба қадри Модар ва Ватани маҳбубу соҳибистиқлоли худ бирасанд ва бо ин восита ифтихору номбардори давлату волидайнашон бошанд.