ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ШОҲҶОИЗА СОҲИБАШРО ПАЙДО КАРД

Даври ҷамъбастии озмуни “Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол - 2021” 2-юми март дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид, ки дар он аз факултетҳо 5-нафар, ки ғолиби даври факултетӣ маҳсуб меёфтанд, ширкат варзида, ҳунару истеъдод ва малакаву маҳорати кадбонугӣ, суханварӣ ва ҳунармандии худро пешниҳоди аъзои ҳакамон ва ҳозирин гардониданд.
Раиси ҳайати ҳакамон Барно Ашӯрова иброз дошт, ки ҷойи сеюм ба донишҷӯйи соли дуюми факултети филологияи рус Муҳайё Раҳимова, ҷойи дуюм ба донишҷӯйи курси аввали факултети филологияи тоҷик Манижа Саидова, ҷойи аввал ба донишҷӯйи курси дуюми факултети забонҳои Осиё Нозанин Сатторова ва шоҳҷоизаи озмун ба донишҷӯи соли дуюми факултети забонҳои Аврупо Фарзона Салихова  дода шавад.
Мавриди зикр аст, ки ғолибони озмун дар арафаи таҷлилёбии Рӯзи модар аз ҷониби раёсати донишкада бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.