Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати самимиву озоди сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Ректор Жило Гулназарзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, ки Паёми Сарвари давлат барои мардуми шарафманди кишвар санади тақдирсозу раҳнамо буда, дар маҷмӯъ як силсила навидҳои тозаро фаро мегирад вобаста ба пирӯзиҳои аҳли кишвар дар арсаи созандагию бунёдкориҳо.
Дар идомаи чорабинӣ сардори мақомоти милитсияи пойтахт генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон доир ба мавзӯъҳои мубрами ҷомеа ва нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза ва суханронии пурмуҳтаво намуд.
Ба таъкиди номбурда, воқеан, дар замони пешрафти илму техника ва бархӯрди тамаддунҳо донистани забонҳои хориҷӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани дастовардҳои давлату миллати худ, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маданӣ дар раванди чолишҳои ҷаҳонишавӣ масъалаҳои басо муҳим ба шумор меравад.
Ҳамчунин, як гурӯҳ устодону донишҷӯён баромад намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош намуда, ҳиссаи шоистаи хешро баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузоранд.
Дар охир ба як гурӯҳ кормандон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада аз ҷониби сардори Раёсати ВКД дар ш. Душанбе сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.