ТОҶ  /  РУС  /  ENG

АРТИШ - ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ

Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ 22-юми феврал дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳомиёни Ватан” доир шуд, ки дар он шумораи васеи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Муовини ректор оид ба тарбия Зебониссо Бобоалиева дар ифтитоҳи чорабинӣ изҳор дошт, ки родмардони далери Ватан аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз барои ҳифзи марзу буми кишвар, оромиву осудагӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ  нақши шоиста гузоштаанд.
Дар идома, аз ҷониби омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ маърӯзаҳо дар бобати таъсисёбӣ ва аҳамияти Артиши миллӣ дар рушди кишвар пешниҳод гардид.
Зикр шуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлату миллати куҳанбунёду сарбаланди тоҷик буда, сарбозони далери он ҳамеша дар роҳи ҳифзи сарзамини аҷдодии худ омода мебошанд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ, донишҷӯёни факултети забони англисӣ бо қироати порчаҳои насриву назмӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳначаҳои тарбиявию ҳаҷвӣ ва рақсҳои зебои тоҷикона тавонистанд, ки ҳисси  худшиносиву ватандӯстиро дар вуҷуди ҷавонон зиёд намуда, табъи иштирокчиёнро болида созанд.