ТОҶ  /  РУС  /  ENG

ПАЁМ-ОМИЛИ БОСУБОТ ВА ПЕШРАФТИ КИШВАР

19 — уми феврал дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи  Сотим Улуғзода  дар партави Паёми Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон конференсияи илмӣ—амалӣ таҳти унвони “Паёми  Пешво — дастури раҳнамо” баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, декани факултет ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
         Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Асадулло Наҷмиддиниён Паёми Сарвари давлатро роҳнамои тамоми сокинони кишвар арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои табиӣ ва риёзӣ бештар аст.
       Саиднеъмон Раҷабов муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ самтҳои дохиливу хориҷии дар Паём ироашударо ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла, зикр намуд, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ самтҳои нави пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва робитаҳои хориҷии  давлатро муайян ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъват намуд.
  — Пешвои миллат дар Паём оид ба  нақши занон дар ҷомеа чанд нуктаҳои муҳимеро зикр намуданд. Аз ҷумла Сарвари давлат иброз доштаанд, ки: “Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд” – зикр кард муовини ректор оид ба тарбия З. Бобоалиева.  
Декани факултет Бахтиёр Абдураҳимов дар ироаи маърӯзаи хеш қайд кард, ки Президенти кишвар дар Паёми худ пеш аз ҳама ба масъалаҳои рушди илму маърифат ва такомули забони модарӣ, тарбияи ҷавонон ва густариши мақому манзалати занону духтарон рӯ оварда, вазифаҳои муқаддаси ҳар яки моро дар ҷодаи ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз, муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ  муайян сохтанд.