Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 16-уми феврал дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш таҳти унвони “Паём – раҳнамои мо” баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, раиси Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов ва ректори донишкада Жило Гулназарзода ширкат ва суханронӣ карданд.
Ректори муассиса Жило Гулназарзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмони олиқадрро ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шодбош гуфт.
Баъдан, Рудобаи Мукаррам дар бораи самтҳои муҳимми Паёми Сарвари давлат сухан гуфта, чунин зикр кард: “Корномаҳои мондагору беназире, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари маҳбуби мо амалӣ гардиданд, маҳз дар заминаи паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шудааст.
- Дастовардҳои арзишманде, ки миллати куҳанбунёду сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат ва даврони истиқлол дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, илму маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба даст овард, боиси таҳкими рушди устувор ва афзудани обрую эътибори мамлакати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ гардид, - гуфт муовини вазир Диловар Қодирзода.
Дар идома, Ғайбулло Афзалов аз нуктаҳои муҳимми Паём ёдовар шуда, қайд намуд, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун роҳнамо ба фардои дурахшон дар назди ҳама қишрҳои ҷомеа вазифаҳои нав ва мушахассу созанда гузошт.
Ҳамчунин, кормандону омӯзгорони донишкада фаъолона мулоҳизаҳои хешро доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
- Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунонки дар оғози он таъкид гардидааст, ба ҷашни фархундаи миллат - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мувофиқ омадааст ва онро метавон “Паёми солҷашни миллат” номид, - изҳор дошт дар фарҷоми ҳамоиш ректор Жило Гулназарзода.